Васеъ намудани ҳуқуқҳои маъюбон дар Тоҷикистон тавассути омӯзиши “Аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бош”
Гулрухсор Мелибоеваи бисту ҳафтсола, модари танҳо аз шимоли Тоҷикистон, дорои маълулияти шунавоӣ аст. “Ман дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва намудҳои дастгирии онҳо намедонистам. Ман намедонистам ба чӣ ҳуқуқ дорам ва аз он аз куҷо ва чӣ гуна бояд бархурдор шавам”, гуфт ӯ.
Пас аз талоқ зиндагӣ барояш мушкил гашт. Вай духтарашро худаш ба воя мерасонад. Гулрухсор аз шавҳари собиқи худ алимент талаб накардааст, зеро намедонист, ки ба ин ҳуқуқ дорад.
Мактабро пас аз синфи ҳашт тарк карда, ӯ дар синни 17-солагӣ хонадор шуд. Ӯ бо шавҳараш дар хонаи волидони шавҳараш зиндагӣ мекарданд ва Гулрухсор ба хушунати хонаводагӣ гирифтор шуд. На танҳо шавҳари собиқи ӯ ба ӯ ҷабру ситам мекард ва аз ӯ ба ҳар хоҳиши худ итоат карданро талаб мекард. «Модараш ҳамеша маро танқид мекард», - ба хотир овард ӯ. Вақте ки ҳаёти оилавии ӯ тоқатнопазир гашт, духтарашро гирифта ба назди модараш баргашт. «Дере нагузашта, ман аз шавҳарам ҷудо шудам», - гуфт Гулрухсор, ки бо ёрии сурдотарҷумон мусоҳиба мекард.
Аммо ҳоло, вақте ки ӯ ба семинаре, ки ба одамони дорои маълулият ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои худ кӯмак мекунад, аз худ дилпурии бештар ҳис мекунад: «Ҳоло, ки ман аз қонун огоҳ шудам, медонам, ки барои дастгирии духтарам (алимент) чӣ гуна ариза пешниҳод кунам».
Семинар, ки дар он Гулрухсор иштирок дошт, яке аз силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Тренинг оид ба мурофиаҳои омӯзишии фарогири судӣ» буд, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар солҳои 2019-2020 дастгирӣ карда шуд. Гулрухсор ва дугонааш, ки ба ӯ дар бораи ин иқдом нақл карда буд, иштирокчиёни гурӯҳи зиёда аз 80-нафарае мебошанд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Семинарҳои омӯзишӣ махсус барои одамони дорои маълулиятҳои гуногун таҳия шудаанд. Онҳо ба маълумотдиҳӣ ба намояндагони ҳифзи ҳуқуқи маъюбон ва аъзоёни ташкилотҳои онҳо дар бораи ҳуқуқҳои қонунии онҳо дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар давоми семинарҳо онҳо малакаҳои ҳаётан муҳимро аз қабили дуруст таҳия кардани ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди даъвоҳо ва шикоятҳо, чӣ гуна дар назди суди воқеӣ баромад кардан ва чӣ гуна ҳифз намудани ҳуқуқҳои худро ба даст меоранд. Ҳадафи ниҳоӣ аз васеъ намудани ҳуқуқу имконоти иштирокчиён тавассути тақвият додани боварӣ ба худ барои талаб ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ иборат аст.
Чорабиниҳо аз ҷониби ташкилотҳои ҷавонони «Дурнамо» ва «Ноил» ташкил ва дар панҷ мавзеъ: дар Хуҷанд ва Конибодом - дар вилояти Суғд дар шимоли кишвар; дар Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шарқи кишвар; дар Бохтар - маркази вилояти Хатлон дар ҷануб ва дар пойтахт - Душанбе гузаронида шуданд.
Омили иловагии ҳавасмандкунандаи семинарҳо ин буд, ки онҳо аз ҷониби тренероне гузаронда шуданд, ки худ дорои маълулият буданд. Яке аз онҳо, Фирӯз Шамсиддинов нақл кард, ки чӣ гуна иштирок дар омӯзиш ӯро ҷиҳати аз байн бурдани маълулияти худ нерӯ мебахшад. «Бо вуҷуди он ки ман маълулияти биниш дорам, ман метавонам ба дигарон дар рушди қобилиятҳояшон кӯмак расонам ва ин ба ман ҳисси қаноатмандӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшад».
Натиҷаҳои курсҳои омӯзишӣ ва он, ки онҳо дар саросари кишвар баргузор шуданд, ба тағйироти минбаъдаи муносибати одамон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи мушкилоти маъюбӣ дар саросари Тоҷикистон мусоидат карданд.
Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон соли 2018 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони дорои маълулиятро ба имзо расонид, танҳо ба наздикӣ, тақрибан 140,000 нафар маъюбони бақайдгирифташуда, на танҳо ҳамчун гирандагони нафақа ва кӯмаки тиббӣ, балки ҳамчун соҳиби ҳуқуқҳои қонунӣ эътироф гардиданд. Дар доираи сиёсати бештар фарогир, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул шудааст, диққати бештар ба мақоми шахсони дорои маълулият дода мешавад. Ин боиси беҳтар шудани шароити зиндагии онҳо ва тавсеаи фаҳмиш ва эҳтиром нисбати одамони дорои маълулият гардид.
Аммо, барои он ки ҳар як шахси дорои маълулият дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ иштирок карда тавонад, муҳим аст, ки дар бораи ҳуқуқҳои инсони худ огоҳ бошанд ва бо воситаҳои мавҷудаи татбиқ ва риояи ин ҳуқуқҳо шинос шаванд. Дафтари барномаҳои САҲА дар ин раванд фаъолона ширкат варзида, огоҳии мардумро дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон баланд мебардорад. Дафтар бо занону духтарони дорои маълулият, ки ба дастгирӣ ниёз доранд ва ба маҳдудиятҳои ҷиддии ҳуқуқҳои худ рӯ ба рӯ мешаванд, кор мекунад.
Семинарҳои омӯзишӣ қисми кори Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар самти дастгирии одамони дорои маълулият мебошанд. Ба фаъолиятҳои дигар чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ бо иштироки садҳо нафар дар саросари Тоҷикистон дохил мешаванд.
Иштирок дар тренинг барои Гулрухсор, ки зиндагии худро аз ҳисоби дӯхтани либосҳои миллӣ таъмин мекунад, танаффуси кӯтоҳ буд. Дар вақти холии худ вай рақс кардан ва бо рафиқонаш сӯҳбат карданро дӯст медорад, ки бо баъзеи онҳо дар рафти семинар шинос шуд.