САҲА ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ба мансабдорони Тоҷикистон усулҳои қатъи маблағгузории терроризмро таълим медиҳанд
28 феврали соли 2020 дар Душанбе курси чоррӯза оид ба қатъи маблағгузории шабакаҳои террористӣ ба итмом расид. Курс аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Дафтари минтақавии СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Бахши зиддитеррористии Дафтари таҳдидҳои фаромиллии САҲА ташкил карда шудааст.
Дар семинар 17 коршиносон ва мутахассисон аз Прокуратураи генералӣ, Шӯъбаи мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Ҳадафи тренинг кӯмак расонидан ба Тоҷикистон дар татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, тавсияҳои Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи чораҳои молиявӣ оид ба муқовимат ба расмикунонии (шустани) маблағҳо, ӯҳдадориҳои САҲА ва СММ буд. Курс нақши калидии ҳамкориҳои байниидоравиро дар қатъ намудани маблағгузории терроризм таъкид кард.
Тренерҳо иштирокчиёнро бо усулҳои мураккаби банақшагирии таҳлилӣ ва амалиётӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба сенарияҳои маҳаллии ба ҳолатҳои воқеӣ асосёфта шинос карданд.
«Илова ба ҳамкориҳои байниидоравӣ, курси мазкур ба мутахассисон таҳкурсии беназири омӯхтани воситаҳо ва усулҳои нави мубориза бо маблағгузории терроризмро фароҳам меорад ва ҳамзамон аҳамияти гузаронидани тафтишотро мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон таъкид мекунад”, - гуфт Флориан Разесбергер, Роҳбари Бахши низомӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Курс дар доираи барномаи ҳамаҷонибаи бисёрсолаи таҳкими зарфият дар дастгирии талошҳои миллӣ дар мубориза бо маблағгузории терроризм дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст ва ба кӯшишҳои бисёрсолаи Дафтари барномаҳои САҲА оид ба муқовимат ба терроризм, расмикунонии маблағҳо ва маблағгузории терроризм асос ёфтааст.