САҲА хатари офатҳои табииро дар Тоҷикистон тавассути тоза кардани каналҳо коҳиш медиҳад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе кӯмаки моддиву техникӣ расонд, ки ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ноҳияи Шаҳритус дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллӣ ва Идораи захираҳои обии ҳавзаи Кофарниғони 45,900 м3 хок ва дигар партовҳоро аз каналҳои обдав дар се деҳаи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тоза кард. Амнияти зиёда аз 620 хонавода, мактабҳо ва роҳҳои автомобилгард таъмин карда шуд.
Селоба омехтаи об ва сангҳо мебошад, ки метавонад ашёҳои калон, аз қабили харсангҳо ва дарахтҳоро шуста барад. Ҷараёни селоб дар нишебиҳо ва қад-қади каналҳои заҳкаш ба суръати баланд ҳаракат карда метавонад ба ҷомеаҳо ва инфрасохтори онҳо хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Тадбирҳои коҳиш додани оқибатҳо метавонанд талафоти ҷонӣ ва монеаҳоро ба фаъолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пешгирӣ кунанд ва хатари хисорот ба амвол ва сарватҳои табииро паст кунанд.
“Ҳамасола аҳолии мо аз селобаҳое, ки метавонанд то як метр чуқурӣ дошта бошанд, азият мекашад. Ин ба хонаҳо, чорво ва кишоварзии мо зарар мерасонад. Имсол, ба туфайли САҲА ва ҳукумати маҳаллӣ, зиёда аз 4 км канал тоза карда шуд. Мо аз ин хеле сипосгузорем», - гуфт Юсупов Одилҷон, роҳбари ҷамоати деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус.