Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришудаи ҳифзи сарҳадоти сабз ва эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаро оғоз менамояд
1 январи соли 2020, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи “Мустаҳкам намудани минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”-ро ба маблағи 3.3 миллион евро, ки дар доираи Воситаи (Санади) сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз намуд. Ҳадафи лоиҳаи 18-моҳа таҳкими зарфияти касбии хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бо мақсади мубориза бо фаъолияти ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ) дар эътино намудан ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.
Баҳрабардорон аз КҲФ ва МГ ва Хадамоти сарҳадӣ мавриди омӯзиши амалӣ оид ба банақшагирии амалиёт ва дастгирии амалиёти саҳроӣ қарор мегиранд. Лоиҳа малакаҳои кормандони хадамоти сарҳадии ҳарду кишвар, ки барои эътино намудан ба ҳодисаҳо дар соҳаи амният ва ҳифзи сарҳадот заруранд тақвият мебахшад.
Илова бар ин, бинои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар Халқаёр ва Лангар қисман тармим карда мешаванд ва маркази таълимии КҲФ ва МГ дар Қаратоғ пурра тармиму таҷдид карда шуда, ба истифода дода мешавад. Лоиҳа ба таҳкими субот ва амнияти сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.