САҲА мақомоти давлатии Тоҷикистонро оид ба мубориза бо коррупсия меомӯзонад
Аз 18 то 20 декабри соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатии Тоҷикистон барои намояндагони мақомоти судӣ ва муассисаҳои давлатие, ки бо масъалаҳои коррупсия сару кор доранд, тренинг доир намуд. Иштирокчиён бо барномаи нав таҳияшудаи мубориза бо коррупсия барои хизматчиёни давлатӣ шинос шуданд. Барномаи таълимӣ ба пешбурди кӯшишҳои зиддикоррупсионӣ дар кишвар бо мақсади ташаккули идоракунии касбӣ ва салоҳиятноки давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Иштирокчиён стандартҳои байналмилалии мубориза бо коррупсия ва усулҳои беҳтарини таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии зиддикоррупсиониро муҳокима карданд. Дар курс инчунин таъкид карда шуд, ки пешгирии мухолифати манфиатҳо тадбири асосии зиддикоррупсионӣ дар хадамоти давлатӣ мебошад.
“Мансабдорон ва хизматчиёни давлатӣ яке аз паёмбарони асосии ҷамъиятӣ барои расонидани паём дар бораи он мебошанд, ки бо коррупсия метавон ба таври муассир мубориза бурд,”- гуфт тренери курси омӯзишӣ Ярослав Стрелченок. Вай илова намуд, ки маъмурияти давлатӣ бояд поквиҷдонӣ, кордонӣ ва садоқатро ба мубориза бо коррупсия зоҳир намояд, то шаҳрвандонро ба риояи ин принсипҳо ҳидоят намоянд.
Чорабинӣ идомаи пуштибонии кишвари мизбон аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар паҳн намудани донишҳои зиддикоррупсионӣ ва таҳкими поквиҷдонӣ дар маъмурияти давлатӣ мебошад.