САҲА кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар самти таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути Интернет омӯзонд
28 ноябри соли 2019 дар Душанбе курси омӯзишии серӯза оид ба усулҳои тафтишоти ҷиноятҳои марбути гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути Интернет, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир гардид, анҷом ёфт.
Дар курс 22 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон иштирок карданд, ки аз ҷониби коршиносони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия гузаронида шудааст.
Ҳадафи курс тақвияти иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар муқовимат бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мебошад. Дар он бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва мисолҳои амалӣ ба иштирокчиён усулҳои истифодаи телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои фардӣ дар ҷиноятҳои марбути маводи мухаддир нишон дода шуд.
Раҷаб Тӯраҷонзода, корманди калони шӯъбаи оперативӣ-тафтишотии Агентии назорати маводи мухаддир дар вилояти Хатлон қайд кард, ки курси омӯзишӣ ба ӯ кӯмак кард, ки дониши худро бо маълумоти нав дар бораи барасмиятдарории маблағҳо (шустушӯи пул) тавассути Интернет такмил диҳад.