САҲА мубоҳисаи мизи мудавварро оид ба Нақшаи амалиёти миллии татбиқи Конвенсияи Орхус дар Тоҷикистон баргузор намуд
13 ноябри соли 2019 дар Душанбе бо мақсади муҳокимаи лоиҳаи Нақшаи амалиёти миллии оид ба татбиқи Конвенсияи Орхус оид ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии экологӣ ва Марказҳои Орхуси аз ҷониби САҲА дастгиришаванда дар мизи мудаввар ҷамъ омаданд. Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир намуд.
«Нақшаи амалиёти миллии амалисозии Конвенсияи Орхус воситаи дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти экологӣ бо истифодаи фаъоли технологияҳои нав мебошад. Он инчунин ба мусоидат ба иштироки аҳолӣ дар низоми тақвиятдодашудаи баҳодиҳии таъсири экологии чорабиниҳои нави ба нақша гирифташуда нигаронида шудааст», гуфт Вадим Ни, мушовири САҲА, ки гурӯҳи кориро оид ба таҳияи Нақшаи амалиети миллӣ роҳбарӣ кардааст.
Нақшаи амалиёти миллӣ дар доираи ҳамкориҳои дарозмуддати байни Дафтар дар Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба такмили қонунгузории миллӣ ва сиёсати экологӣ таҳия шудааст.
Пас аз қабул шудан, дар Нақшаи амалиёти миллӣ натиҷаҳои пешбинишуда, нишондиҳандаҳои ибтидоӣ ва мақсаднок муайян карда мешаванд ва ҳамкорон ва агентиҳои масъул муайян карда мешаванд, ки ба татбиқ ва баланд бардоштани самаранокии Конвенсияи Орхус мусоидат мекунанд. Ҳамин тавр, он ба таҳкими амният ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.