Семинари САҲА дар Душанбе оид ба тақвиятбахшии тадбирҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятии вокуниш ба терроризм дар чаҳорчӯбаи волоияти қонун
Семинари дурӯза дар бораи тақвият додани тадбирҳои ҳуқуқӣ-ҷиноятии вокуниш ба терроризм дар ҷаҳорчӯбаи волоияти қонун дар санаи 9 октябр дар шаҳри Душанбе хотима ёфт. Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) ва Бахши зиддитеррористии Шӯъбаи Котиботи САҲА оид ба таҳдидҳои фаромиллӣ дар якҷоягӣ баргузор карданд. Дар семинар зиёда аз 30 иштирокчӣ ҷамъ омаданд, ки онҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои ғайдавлатӣ, суд, коллегияи адвокатҳо буда, дар самти пешгирии терроризм фаъолият мебаранд.
Чорабинӣ дар заминаи таҷрибаи пешқадами Ёддошти Рабат - Форуми Глобалии зиддитеррористӣ, таҳия шудааст. Ҳуҷҷати мазкур таҳлили амиқи тафтишот ва таъқиботи самараноки терроризмро пешниҳод мекунад, аз ҷумла риояи қонунҳои амалкунандаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон.
Коршиносони соҳаи адлияи судии ҷиноятӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ ва амалияиро муаррифӣ намуданд, ки дар кишварҳои Олмон, Федератсияи Россия, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳия шуданнд.
“Тадбирҳои қатъии зиддитеррористии адлияи судии ҷиноятӣ, ки муносиб ва мутаносиб мебошанд, инчунин комилан ба талаботи волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҷавобгӯанд, метавонанд ба самаранок муқовимат намудан ба ин падидаи номатлуб мусоидат кунанд,” гуфт Йохан Дал, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари раёсати сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. Ӯ иброз намуд, ки назорат аз болои ҷавобгӯ будани адлияи ҷиноӣ ба талаботи ҳуқуқи амалкунандаи миллӣ ва байналмилалӣ вазифаи аввалиндараҷаи бахшҳои мақомоти судӣ ва прокуратура мебошад. “Аммо, ҳамзамон ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма низ бояд ҳушёр бошанд ва дар ин самт нақши созанда дошта бошанд,”- афзуд ӯ.
Иштирокчиён роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои дохилӣ ва байналмилалиро байни мақомоте, ки бо масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм сарукор доранд, ҷанбаҳои самарабахши тафтишот ва таъқиботи судӣ, инчунин барқароркунӣ ва ба ҷомеа шомил намудани дурусти ашхоси бо терроризм айбдоршуда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи Дафтари барномаҳои САҲА оид ба татбиқи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез барои солҳои 2016–2020 ташкил карда шудааст.