САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ оид ба шиносоӣ бо масъалаҳои хариду фурӯши одамон ва шаклҳои онро ташкил кард
24-25 сентябр ва 30 сентябр-1 октябри соли 2019 дар Душанбе силсилаи курсҳои омӯзишии дурӯза «Муқаддима ба хариду фурӯши одамон ва шаклҳои он» баргузор гардид.
Курсҳоро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамдастӣ бо Маркази муқовимат ба хариду фурӯши одамони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд. Тақрибан 30 муфаттиши Вазорат бо ин курсҳо фаро гирифта шуданд.
Курсҳои омӯзишӣ чунин мавзӯъҳоро аз қабили чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ва байналмилалӣ, шаклҳои хариду фурӯши одамон, чораҳои муҳофизати ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастрас, ошкоркунии қурбониёни хариду фурӯши одамон ва хадамотҳои офиятбахшиии онҳо фаро гирифтанд.
Иштирокчиён дониши худро оид ба мафҳумҳои марбути хариду фурӯши одамон, таснифи ҳолатҳои хариду фурӯши одамон баланд бардоштанд, фаҳмиши эҳтиёҷоти қурбониёни хариду фурӯши одамонро васеъ намуданд ва роҳҳои бештар муассири дастгирии онҳоро муайян карданд.
Фаррух Рауфов, тренер ва коршиноси миллӣ гуфт: «Муқовимат ба хариду фурӯши одамон кори муштарак аст ва ҳар як узви ҷомеа бояд дар он фаъолона ширкат варзад. Танҳо дар якҷоягӣ ва тавассути андешидани тадбирҳои зарурӣ мо метавонем ба ин падидаи мудҳиш ва номақбул муқовимат намоем».
Курсҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳае доир гардиданд, ки Ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» дастгирӣ мекунад ва сатҳи огоҳии аҳолиро бо мақсади пешгирии хариду фурӯши одамон баланд мебардорад. Онҳо инчунин дар доираи расонидани кӯмак ба Тоҷикистон дар татбиқи Нақшаи миллии амалиёт оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон барои солҳои 2019-2021 сурат гирифтанд.