САҲА ба андешидани тадбирҳои умумидавлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
21 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе омӯзиши серӯзаи назариявии миллӣ дар мавзӯи муқовимат ба истифодаи Интернет бо ҳадафҳои террористӣ оғоз ёфт.
Чорабиниро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамдастӣ бо Воҳиди зиддитеррористии Шӯъбаи таҳдидҳои фаромиллии САҲА ташкил намуд.
Машғулиятҳои омӯзиши назариявӣ ба сенарияи тахайюлӣ ва интерактивии аз ҷониби Воҳиди зиддитеррористӣ таҳияшуда асос ёфтаанд, ки он дар сатҳи стратегӣ ҳамчун як намунаи хоси воқеии ба рӯйдодҳои воқеӣ ва таҳдидҳо ба амнияти марбути Осиёи Марказӣ бамиёноянда асосёфта хизмат мекунад. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 45 намояндагони муассисаҳои давлатӣ, мақомоти судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат меварзанд.
Мулоқоти интерактивӣ ба рушд ва таҳкими иқтидори миллӣ дар мубориза бо маводҳои террористон дар Интернет, бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули ташаббусҳо, лоиҳаҳо ва таҷрибаи пешқадам дар байни иштирокчиёни чӣ аз бахши хусусӣ ва чӣ аз бахши давлатӣ нигаронида мешавад.
“Ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ ҳаётан муҳим аст”, - қайд кард Филиппо Кривелларо, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. “Созмонҳои ғайриҳукуматӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва ҳар як шахс, ҳамчун шаҳрванди манфиатманд, метавонанд дар пешгирӣ ва муқовимат ба истифодаи Интернет ва ТИК аз ҷониби террористон нақши муҳим бозанд.”
Илҳомиддин Атоев, муовини роҳбари Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон гуфт: “Рушди технологияҳои муосир ва дастрасии онҳо барои террористон ва ифротгароёни хушунатомез барои банақшагирӣ ва анҷом додани ҳамлаҳои онҳо имкониятҳои навро муҳайё месозад. Агар мо баҳри муқовимат ба терроризм дар фазои виртуалӣ ягон чора наандешем, мо амният ва ҳаёти худро дар ҷаҳони воқеӣ зери хатар мегузорем. ”
Комрон Хидоятзода, Муовини сардори Шӯъбаи амнияти минтақавии Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд: “Мо итминон дорем, ки ин омӯзиши назариявӣ барои таҳияи чораҳои амалӣ ва тавсияҳо барои таҳлил ва ҳалли мушкилот замина мегузорад.”
Ин чорабинӣ як қатор муаррифномаҳои коршиносони байналмилалӣ аз Раёсати СММ оид ба назорати маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC), Гурӯҳи маълумоти Интернетии Европол таҳти роҳбарии UNCED, Ташаббуси “Технологияҳо алайҳи терроризм”, Ташаббуси шаҳрвандон оид ба сиёсати (қоидаҳои) Интернетӣ, инчунин мушовирони Дафтари Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО ва Дафтари САҲА оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дарбар мегирад.
Машғулияти омӯзиши назариявӣ ба таҳияи ҳуҷҷате мусоидат мекунад, ки тадбирҳои сиёсӣ ва тавсияҳои дар амал иҷрошавандаро дар бар мегирад. Ҳуҷҷат ба мақомоти сиёсатгузори миллӣ воситаҳо ва салоҳиятҳои мушаххасро ҷиҳати такмил додани талошҳои онҳо дар самти рафъи таҳдидҳое таъмин менамояд, ки истифодаи Интернет бо мақсадҳои террористӣ ба вуҷуд меоварад. Тавсияҳои мазкур барои мувофиқати беҳтар ба шароитҳои маҳаллӣ ба таври дақиқ мутобиқ карда мешаванд ва инчунин ба мақомотҳои сиёсатгузор дар таҳияи тадбирҳо ва заминаи дахлдор, ки ҳуқуқи инсон ва ҷанбаҳои гендериро ба назар мегиранд, барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи истифодаи Интернет ва ТИК бо ҳадафҳои террористӣ кӯмак мекунанд.
Ин омӯзиши дуюми миллии назариявӣ оид ба муқовимат ба истифодаи Интернет бо ҳадафҳои террористӣ мебошад, ки дар минтақаи САҲА ташкил карда мешавад. Омӯзиши якум моҳи январи соли 2019 дар Тошканд баргузор гардид. Воҳиди зиддитеррористӣ доир намудани чунин чорабиниҳоро дар солҳои 2019-2020 дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ба нақша гирифтааст.