САҲА Форуми сармоягузории Помирро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгирӣ кард
6 ва 7 августи соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар дастгирии Форуми сармоягузории Помир дар Хоруғ ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) иштирок намуд. Форуми дурӯза сармоягузорон ва соҳибкорони хориҷиро ҷамъ овард, то дар бораи сармоягузорӣ ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар ВМКБ маълумоти бештар гиранд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ се ҷаласаи умумӣ баргузор гардид, ки сиёсати сармоягузорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва рушди сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақа ва имкониятҳои ташаббусҳои эҳтимолии байналмилалӣ маълумот гирифтанд. Чорабинӣ инчунин ба муҳокимаи роҳҳои рафъи монеаҳои маъмурӣ барои ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ дар раванди содирот ва воридоти молҳо аз минтақа ва ба он мусоидат намуд.
Форумро Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ассосиатсияи соҳибкорон ва фермерони кӯҳистон «Милал Интер» дар ҳамкории зич бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Бунёди Оғохон ва дигар шарикони рушд баргузор намуданд.