Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон конфронс баргузор намуд
25 июли соли 2019, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон фаъолияткунанда барои ширкат варзидан дар конфронси аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон доирнамуда ҷамъ омаданд.
Конфронс, ки дар Душанбе баргузор шуд, ба муайян кардани роҳҳои тақвияти талошҳои муштарак дар муқовимат ба хариду фурӯши одамон бахшида шудааст.
Дар сухани ифтитоҳии худ роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Сафир Валериу Кивер изҳор дошт: «Ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон самти калидии фаъолияти Дафтар дар ин соҳа мебошад. Ҳамкории самарабахши мо бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва савияи дониш аҳамияти муҳим дорад. Ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар эҷоди механизмҳои самараноки бозравонӣ ва кӯмак ба қурбониён ҳангоми ҳамзамон бартараф намудани ҷинояти воқеӣ ва решаи он аҳамияти ҳалкунанда дорад».
Ҷонибек Холиқзода, котиби Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон дар кишвар иброз намуд: «Муҳим аст, ки ҳамкории зич байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ ва шаҳрвандӣ вуҷуд дошта бошад, зеро муқовимат ба хариду фурӯши одамон бе ҳамоҳангсозии мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи кӯшишҳои ин ду бахш мушкил аст».
Иштирокчиёни конфронс инчунин тадбирҳои адлияи ҷиноятии мубориза бо хариду фурӯши одам дар Тоҷикистон, хадамоти дастгирии қурбониён ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо хариду фурӯши одамон, инчунин дастовардҳо ва мушкилот дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дафтари барномаҳои САҲА ӯҳдадор аст, ки фаъолияти мунтазами Платформаи муколама, табодули дониш ва таҷриба байни мақомоти калидии кишварро, ки дар муқовимат ба хариду фурӯши одамон иштирок мекунанд, таъмин намояд.