САҲА ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мусоидат намуданро ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ таълим медиҳад
Аз 28 июн то 19 июли соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе силсилаи курсҳои омӯзиширо оид ба истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон баргузор намуд. Курсҳо дар Душанбе, Ғарм, Кӯлоб ва Хуҷанд ташкил карда шуда, 100 нафар иштирокчиён, аз ҷумла аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба ислоҳоти милитсия ва инчунин намояндагони Вазорати корҳои дохилии кишварро фаро гирифтанд.
Иштирокчиён тарзи навиштани мақолаҳо ва ҳикояҳои фарогир, сохтани саҳифаҳои Facebook барои шӯроҳои ҷамъиятӣ, тарҳрезии нашрҳои (пост) ҷолиб ва таҳлили натиҷабахшии нашрҳо ва тарзи муассиртари тарғиби онҳоро омӯхтанд ва дар амал татбиқ карданд. Онҳо инчунин стратегияҳои амалии истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақшаҳои нашрҳоро таҳия намуданд, ки барои таблиғи саҳифаҳои Facebook истифода карда мешаванд.
Муошират бо ҷомеа тавассути интернет як қадами муҳим барои ҷалби бештари аҳолӣ ба ислоҳоти милитсия бо мақсади наздиктар намудани милитсия бо шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
«Ҳадафи асосии курс омӯзиши иштирокчиён оид ба тарғиби дурусти кори онҳо бо истифодаи усулҳои анъанавӣ ва муосири рӯзноманигорӣ буд», гуфт Иззатманд Саломов, яке аз роҳбаладони курс. «Азбаски имрӯзҳо одамони зиёд шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, мо ба иштирокчиён тарзи навиштани мақолаҳои кӯтоҳ, нашрҳо (пост) ва матнҳои барои шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ кардашударо омӯзонидем. Мо инчунин ба иштирокчиён воситаҳо ва усулҳои дахлдори истифодаи телефонҳои мобилӣ ва барномаҳои мобилӣ барои пешбурди кори худро нишон додем».
Аскар Турсунов, узви Шӯрои ҷамъиятии ислоҳоти милитсияи вилояти Суғд мегӯяд: «Мо қабл мардумро аз ҷараёни ислоҳоти милитсия тавассути ҷамъомадҳо ва каналҳои анъанавии ВАО огоҳ мекардем. Дар ин омӯзиш мо малакаҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва идоракунии сомонаҳоро омӯхтем, ки ин метавонанд ба мо ҷиҳати тамосгирӣ бо ҷомеаи интернетӣ ва ба онҳо иттилоъ додан дар бораи фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия имконият диҳад».