Манбаъҳо
Раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард
4 июн 2019
21 ва 22 майи соли 2019 раиси амалкунандаи САҲА ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия Мирослав Лайчак ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард.
Дар рафти сафари худ вазир Лайчак бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мулоқот намуд. Ӯ ба Тоҷикистон барои дастгирии қатъӣ ва созандаи фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар давоми 25 сол ва мизбонӣ намудани Коллеҷи САҲА барои омўзиши кормандони хадамоти сарҳадӣ арзи сипос намуд. Роҳбари САҲА бо кормандони САҲА аз Дафтари барномаҳо дар Душанбе, инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонон мулоқот доир намуд. 22 майи соли 2019, вазир Лайчак ва сафир Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе намоишгоҳи аксҳоро бахшида ба 25-умин солгарди ҳузури САҲА дар Тоҷикистон ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.