САҲА ва парлумони Тоҷикистон дар Рӯзи байналмилалии оила конфронс доир менамоянд
15 майи соли 2019 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе якҷоя бо парлумони Тоҷикистон конфронси бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор намуданд.
Дар конфронс масъалаҳои нобаробарии гендерӣ дар Тоҷикистон, механизмҳои татбиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва таҷрибаҳои пешқадами баррасии парвандаҳои марбути зӯроварӣ дар оила, аз ҷумла ҳифз ва дастгирии қурбониён ва ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинии мазкур намояндагони парлумон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла воҳидҳои милитсияи ба масоили гендерӣ ҳассос, коршиносони масоили гендерӣ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалии бо масоили мусоидат ба баробарии гендерӣ ва мубориза алайҳи зӯроварӣ дар оила сарукордоштаро гирд овард.Раҷабзода Равшан Мухиддин, муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии парлумон иброз дошт: «Агар мо тағйироти мусбиро дар муносибатҳои оилавӣ дидан хоҳем, мо бояд аз барҳам додани қолабҳои гендерӣ дар оилаҳои худ шурӯъ намоем».
«Конфронси мазкур ба мо имконияти доир намудани муколамаи озод ва муҳокимаҳои созанда оид ба масоили нобаробарии гендерии дар кишвар ҷой дошта, ки ба оилаҳо таъсири манфӣ мерасонанд фароҳам овард», - қайд кард коршиноси мустақил оид ба масоили гендерӣ Алла Қувватова.