САҲА дар Душанбе конфронси сатҳи баландро оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва маблағгузории он дастгирӣ мекунад
17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯзаи сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» ба анҷом расонида шуд. Ҳукумати Тоҷикистон ин чорабиниро дар ҳамкории зич бо САҲА, Созмони Миллали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо баргузор намуд.
Ҳадафи конфронс муҳокимаи алоқамандии мураккаби байни терроризм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили тиҷорати ғайриқонунии захираҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, силоҳ ва савдои одамон буд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе кишвари мизбонро дар масъалаҳои дахлдори ташкилӣ ва таҳияи чаҳорчӯби консептуалии конфронс дастгирӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур вазирони корҳои хориҷии Давлатҳои узви Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин ҳайатҳои вакилони воломақоми кишварҳои дигар, аз ҷумла намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии дар Тоҷикистон аккредитатсияшуда ширкат варзиданд.
Ба иштирокчиён рӯйхати маҷмӯии тавсияҳо оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар мубориза бо маблағгузории терроризм ва ҷинояткории муташаккилона, ки аз муҳокимаҳо дар Конфронси сатҳи баланди минтақавӣ оид ба мубориза алайҳи маблағгузории терроризм ва ҷинояткории муташаккилона, ки моҳи гузашта дар Ашқобод баргузор гардид, пешниҳод карда шуд. Бо ин рӯйхат САҲА ба муҳокимаҳои умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди тероризм (UNOCT), ки бо конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид соли 2020 анҷом меёбанд, саҳм хоҳад гузошт.
Конфронс бо қабули эъломия бо таъкиди он хотима ёфт, ки «қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз таҳдидҳои асосӣ ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва рушди устувор, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун боқӣ мемонад». Он «ҳамаи давлатҳоро ба мусоидат ва таҳким намудани ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи ҳамаи ӯҳдадориҳои худ тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ» даъват менамояд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки кишвараш «ҳамкориҳоро бо созмонҳои дахлдори байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва САҲА, бо ҳадафи муқовимати самаранок намудан ба ин таҳдидҳо идома хоҳад дод».
Дар паёми видеоии худ Раиси амалкунандаи САҲА ва Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия, Мирослав Лайчак таъкид намуд, ки ҳамкории васеътари бисёрҷониба зарур аст: «Мақомоти ҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд якҷоя кор кунанд. Ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ барои пешгирӣ ва маҳви маблағгузории терроризм зарур аст».
Муовини Дабири кулли Дафтари СММ оид ба мубориза бо терроризм, Владимир Воронков Нақшаи қаблан қабулшудаи муштараки амалиёти зиддитеррористиро ҳамчун «якумин чунин ташаббуси минтақавӣ дар ҷаҳон» номид. Ӯ таъкид кард, ки САҲА ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иттифоқчӣ ва ҳамкорон дар мубориза бо маблағгузории терроризм мебошанд.
Директори Маркази САҲА оид ба пешгирии низоъҳо, Марсел Пешко, қайд кард, ки Тоҷикистон бо ҷойгиршавии стратегии худ омили суботи Осиёи Марказӣ аст. Ӯ қайд кард, ки сарҳади тӯлонӣ ва мушкили он бо Афғонистон ба таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад: «Барои самарабахш ва устувор намудани усулҳои ҳалли ин мушкилот, ҷалби ҳамаи иштирокчиёни сиёсӣ, аз ҷумла ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ зарур аст».
Илова бар фаъолияти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад, САҲА инчунин кӯмаки худро ба Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои марбути терроризм, мубориза бо маблағгузории терроризм ва сӯйистифодаи Интернет барои ҳадафҳои террористӣ идома медиҳад. Ҳифзи инфрасохтори муҳими энергетикӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи инсон дар тафтишоти зиддитеррористӣ инчунин як қисми ин ҳамкорӣ мебошад.