Сафир Валериу Кивер ба иҷрои вазифаи худ ба ҳайси роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шурӯъ менамояд
ДУШАНБЕ, 13 майи соли 2019 - Сафир Валериу Кивер, аз Ҷумҳурии Молдова, имрӯз ба адои вазифаи худ ба сифати роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе шурӯъ намуд.
«Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки кори Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба беҳбудии зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон дар саросари кишвар ба таври мусбат мусоидат намояд”, - гуфт Кивер. «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе яке аз намояндагиҳои калонтарини созмон мебошад. Дафтар Тоҷикистонро барои беҳтар намудани амнияти сарҳадҳо, бартараф кардани хатари минаҳо ва маводи тарканда, афзоиши шукуфоии иқтисодӣ ва мусоидат ба эҳтироми ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунад. САҲА метавонад ба кишвар пешниҳодҳои зиёд намояд ва ман умедворам, ки бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, таъсири кӯмакамонро ба ҳадди аксар расонам».
Сафир Валериу Кивер зиёда аз 24 сол собиқаи кории дипломатӣ дорад ва дар гузашта ҳамчун муовини вазири корҳои хориҷӣ ва интегратсияи аврупоии Молдова ва ҳамчунин сафири Молдова дар Австрия хидмат намудааст. Ӯ бо САҲА робитаи тӯлонӣ дорад, ба ҳайси Намояндаи доимии кишвар дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо адои хидмат намуд ва ба вазифаҳои гуногун дар намояндагиҳои САҲА дар Гурҷистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон таъин шуда буд.
Сафир Кивер дорандаи дараҷаи магистр дар бахши муносибатҳои байналмилалии Мактаби миллии таҳқиқоти сиёсӣ ва маъмурии Руминия аст. Ӯ озод ба забони руминӣ, англисӣ ва русӣ суҳбат мекунад.