Ҳифз ва идоракунии самараноки марзҳои давлатии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи омӯзиши САҲА оид ба банақшагирии фаврӣ
Таҳлили вазъят дар марзҳо, равандҳои қабули қарорҳо ва амалисозии нақшаҳои фаврӣ мавзӯҳои асосии омӯзиши серӯза буданд, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир шуда, санаи 15 марти дар Душанбе бо тақдими сертификатҳо ба анҷом расид.
Омӯзиш аз ҷониби тренерони ботаҷрибаи Гурӯҳи машваратии сарҳадии Русия гузаронида шуд.
Омӯзише, ки дар он 25 мансабдорони хадамоти марзбонии Тоҷикистон, аз ҷумла ду зан иштирок намуданд, ба тавсеаи дониши онҳо оид ба таҳлили хавфҳо, банақшагирии фаврӣ, арзёбии омилҳои дахлдори ба ҳифзи сарҳадҳои давлатӣ таъсири манфидошта, аз ҷумла дар бораи истифодаи воситаҳои техникӣ барои ҳифзи марзҳои давлатӣ мусоидат намуд.
«Дафтар ба тақвияти иқтидори марзбонони Тоҷикистон тавассути доир намудани омӯзишиҳои самаранок дар як қатор соҳаҳои калидӣ кӯмак мекунад», - гуфт Вячеслав Абрамец, Мушовир оид ба идоракунии сарҳадҳо аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Чунин курсҳои махсус, аз қабили омӯзиш оид ба банақшагирии фаврӣ бо ҷалби коршиносони ботаҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ иқтидори афсарони марзбони Тоҷикистонро тақвият медиҳанд ва САҲА чунин кӯшишҳоро дар оянда низ идома хоҳад дод».