Муттаҳидсозии кӯшишҳо барои амалигардонии бомуваффақияти ислоҳоти милитсия – САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вохӯрии ҳамоҳангсозии шариконро баргузор намуд
Санаи 12-уми марти соли 2019, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД) дар Душанбе мизи мудавварро бо намояндагони воломақоми ҷомеаи байналмилалии донорҳо барои ҷамъоварии маблағ барои амалигардонии бомуваффақияти ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон доир намуданд.
Ин ҷаласа инчунин барои ҷамъбасти тадбирҳое, ки аллакай дар раванди ислоҳот андешида шуданд ва муайян намудани афзалиятҳои минбаъда низ ҳамчун платформа хизмат кард.
Дар ҷаласаи машваратӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Геррит Зах, масъулини воломақоми ВКД, намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла раисони Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия ширкат варзиданд.
«Яке аз афзалиятҳои ислоҳот ин истеҳсоли сару либоси низомии нави кормандони милитсияро дарбар мегиранд, чун Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он то ҳол милитсия либоси кӯҳнаи даврони шӯравиро мепӯшад», - гуфт Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода. «Масъалаи муҳими дигар ин ба анҷом расонидани лоиҳаи қайди электронии аризаю хабар дар бораи ҷиноят ва ҳодисаҳо мебошад. Барои иҷроиши ин нақшаҳои ислоҳот дастгирии байналмилалӣ зарур аст».
«Ҳукумати Тоҷикистон нерӯи ҳаракатдиҳандаи (муҳаррики) амалигардонии бомуваффақияти Барномаи ислоҳоти милитсияи дар солҳои 2014-2020 мебошад, аммо кӯшишҳои муштарак аҳамияти калидӣ доранд», қайд кард иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Геррит Зах. «САҲА ҳамчун шарики асосии байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти милитсия бо Вазорати корҳои дохилӣ ва донорҳои байналмилалӣ дар ҳамкории зич қарор дошта, барои ташаккул додани зарфияти муосири милитсия, муттамарказкунонӣ ва бо аҳолӣ наздик намудани милитсия фаъолияти худро идома медиҳад».