Дафтари барномаҳои САҲА лоиҳаи нави худро ҷиҳати таҳкими тавонмандии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон дар соҳаи посбонӣ дар маҳалҳо оғоз менамояд
12 ноябри соли 2018 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе лоиҳаи нави «Таҳкими тавонмандии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар соҳаи посбонӣ дар маҳалҳо тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ»-ро оғоз намуд. Лоиҳа аз ҷониби Ҷумҳурии Федералии Олмон дастгирӣ карда мешавад ва дар Маркази минтақавии омӯзишии Халқаёри воқеъ дар масофаи 230 км ҷануб аз шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Лоиҳаи панҷсола ба доирнамоии омӯзишҳои махсуси тактикӣ барои 1500 сарҳадбонони тоҷик, ки ба дастаи навтаъсиси таҳти унвони “Дастаи зудамали (фаврии) сарҳадӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил мешаванд, нигаронида мешавад. Гурӯҳи якуми иборат аз 25 нафар кормандони боломақоми Воҳидҳои махсуси сарҳадии Тоҷикистон шунавандагони нахустиние мешаванд, ки дар курсҳои чорҳафтаинаи Таҳкими устувори тавонмандии фаврӣ дар маҳалҳои 12 ноябри соли 2018 низ оғозёфта ширкат меварзанд.
Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе, Майк Сидорук, Сафири Япония дар Душанбе, Ҳаҷиме Китаока ва Фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии вилояти Хатлон генерал Дилшод Тоҳирзода ширкат варзиданд. Майк Сидорук қайд кард, ки Олмон “ҳамкориҳои байналмилалиро ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти умумӣ арзёбӣ менамояд ва САҲА созмонест, ки дорои имконоти беҳтарин барои густариши чунин ҳамкорӣ дар миқёсҳои калон аст”.
Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаҷиме Китаока, аҳамияти ҳамбастагии ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризм ва ҳар гуна шаклҳои ҷинояткории муташаккилро таъкид кард. Ӯ аҳамияти кори САҲА-ро дар соҳаи таҳкими иқтидори нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя таъкид кард.
Генерал Дилшод Тоҳирзода ҳамкории байни САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд арзёбӣ намуда, ибрози ақида намуд, ки кӯмки он “барои ҳаллиҳар гуна таҳдидҳои амниятӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳаётан муҳим аст".