Курси омӯзишии САҲА барои фаъолони тоҷик дар бораи пешгирии низоъ бо дарназардошти омили гендерӣ
Дар санаи 19-уми октябри соли ҷорӣ, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тренинг барои тренерон баргузор намуд, ки дар он мавзӯъҳои ҷалби занон дар пешгирӣ ва ҳалли низоъ, музокироти сулҳ ва расонидани кӯмаки башардӯстона мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд. Чорабинии мазкур ба 18-умин солгарди Қарори Шӯрои амнияти СММ таҳти рақами 1325 дар бораи занҳо, сулҳ ва амният бахшида шудааст.
Дар тренинг 40-нафар иштирокчиёни зан ва мард аз ҳафт ҳизбҳои сиёсии фаъол ва инчунин коршиносони масъалаҳои гендерӣ ва фаъолон дар бахши пешбурди баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии занон дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.
“Низоъ дар хонаводаҳо ва ҷомеаҳо вуҷуд дорад. Зӯроварӣ дар оила яке аз аломатҳои огоҳсозии бармаҳал мебошад, ки бештари вақтҳо ҷамъият онро ба назар намегирад. Занон ва мардон бояд дар фаъолияти мақомоти қудратӣ ба таври баробар ҷалб карда шаванд” - гуфт Весна Иванович-Кастаред, корманд оид ба масъалаҳои гендерӣ ва мубориза бо савдои одамон аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Дар чорабинӣ ба нақши мардон ва ҷавонон барои фаъолона ва самарабахш иҷро намудани Нақшаи миллии амал оид ба Қарори Шӯрои амнияти СММ таҳти рақами 1325 таваҷҷӯҳи махсус дода шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯйдод аҳамияти қарори мазкур ҷиҳати мусоидат ба ҷалби занон дар пешгирии низоъ баррасӣ шуд.