САҲА ба Академияи ВАО-и Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ месупорад

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҷҳизоти техникиро ба Академияи Воситаҳои ахбори оммаи (ВАО)-и Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Маросими супоридани таҷҳизот санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар бинои Академияи ВАО баргузор гардид.
Таҷҳизоти техникӣ бо мақсади ташкил кардани студияи мултимедиявӣ дар Академияи ВАО равона шудааст ва 11 намуди асбобҳои гуногун, ба мисоли камераҳои аккосӣ ва наворбардорӣ, компютер, принтер, аудио ва видео микшер ва дигар таҷҳизоти соҳаи радиотелевизионро дар бар мегирад.
Таҷҳизоти техникӣ ба Академияи ВАО барои доир намудани омӯзишҳои касбӣ баҳри кормандони ВАО-и ҳукуматӣ ва мустақил имконият медиҳад ва ба манзури тавсеа додани сифати кори кормандони онҳо ҷиҳати хабардор кардани аҳоли оиди рӯйдодҳои муҳими ҷомеа равона шудааст.
Сафир Туула Юрёля, Роҳбари Дафатари барномаҳои САҲА дар Душанбе қайд намуд: “Озодии баён - ҳуқуқи бунёдии байналмилалии эътирофшудаи ҳуқуқи башар - дар асл ҷузъи асосии ҷомеаи демократӣ мебошад. Дар ин робита, мустақилият ва гуногунандешии расонаҳо, аслҳои роҳбарикунанда ҳастанд, ки барои тамоми ҷомеаҳои озод ва кушода заруранд. Шодам, ки метавонем барои ҳимояи ин ҳуқуқ, ҳам усулан ва ҳам дар шакли моддӣ, ба тавассути пешниҳоди тақдими имрӯза ба Академияи расонаҳо ҳамкорӣ кунем”.
Тақдими таҷҳизот техникӣ яке аз кӯмакҳои Дафтари барномҳои САҲА дар Душанбе ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани фаъолияти расонаҳо ҷиҳати хабардор намудин аҳолиии Тоҷикистон равона шудааст.