САҲА курси минтақавиро оид ба безараргардонӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад
Дар санаи 16-уми октябри соли ҷорӣ, курси 10-рӯзаи САҲА тақрибан барои 30-нафар мутахассисони низомӣ ва ғайринизомӣ дар бораи «Ташаккулёбии муштарии оқил оид ба амалиёти беяроқгардонии бехатар» дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид.
Дар курси омӯзишӣ иштирокчиён аз Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҷамъ омаданд. Онҳо дар робита ба иҷро намудани дастурамалҳои байналмилалӣ ва омӯхтани таҷрибаҳои беҳтарин оид ба бехатар, самарабахш ва моҳирона поксозӣ намудани муҳимоти конвенсионӣ ва маводҳои тарканда сатҳи дониш ва малакаи худро баланд хоҳанд кард. Коршинос аз Британияи Кабир дар курси мазкур донишу малакаҳои худро бо иштироккунандагон шарик месозад.
Қисми назариявии курси омӯзишӣ дар Маркази омӯзишии ҳамкорӣ барои сулҳ дар назди Вазорати мудофиаи Қазоқистон дар шаҳри Алмаато гузаронида мешавад. Машқҳои амалӣ дар муассисаи ҳарбии Капшагай баргузор мегарданд.
Курси омӯзишӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Остона ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи САҲА оид ба ҳамкории ҳамгирошуда барои паст кардани хатарҳои маводҳои тарканда баргузор шудааст.
Курси омӯзишии мазкур яке аз бахшҳои кӯмакҳои дарозмуддати САҲА мебошад ва барои рушди механизмҳои ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати бартараф намудани нигарониҳо ва чолишҳои вобаста ба безараргардонии маводҳои тарканда равона шудааст.