Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) фаъолияти ҳайати нозирони худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кард
ш. Душанбе, 22 январи 2025с. – Имрӯз Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар пайи даъвати расмии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти ҳайати нозирони интихоботро барои интихоботи парлумонӣ, ки 2 марти баргузор мешавад, ифтитоҳ кард.
Роҳбарияти ин ҳайатро Дитмир Бушати ба уҳда дорад ва он аз дастаи асосии иборат аз 11 коршиноси байналмилалӣ, ки дар шаҳри Душанбе қарор мегирад ва 22 нозири дарозмуддат, ки шурӯъ аз 29 январ ба минтақаҳои гуногуни кишвар фиристода мешаванд, ташкил шудааст. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ДНДҲИ) аз 150 нозири кӯтоҳмуддат дархост мекунад, ки якчанд рӯз қабл аз рӯзи баргузории интихобот вориди кишвар шаванд.
Ҳайати нозирон мутобиқати баргузории интихоботро ба уҳдадориҳои САҲА ва дигар уҳдадорӣ ва стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳамчунин қонунгузории миллӣ арзёбӣ хоҳад кард.
Нозирон аз наздик тамоми ҷанбаҳои интихобот, аз ҷумла рӯйдодҳои қабл ва баъд аз интихоботро пайгирӣ хоҳанд кард. Ба амалишавии заминаи қонунгузорӣ, гузаронидани маърака, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, идоракунии раванди интихобот дар ҳамаи сатҳҳо, ҳаллу фасли даъвоҳои интихоботӣ ва фарогирӣ аз ҷониби воситаҳои ахбори умум таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Нозирон ҳамчунин иҷрои тавсияҳои қаблии ДНДҲИ оид ба интихоботро арзёбӣ хоҳанд кард.
Мулоқот бо намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти нозирон ба шумор меравад.
Ба хотири пешниҳод намудани маълумоти наву тоза ба ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дар бораи фаъолияти ҳайати нозирон, гузориши миёнамуҳлат тақрибан ду ҳафта қабл аз рӯзи интихобот нашр карда мешавад. Баъд аз рӯзи интихобот натиҷа ва хулосаҳои қаблии ҳайати нозирон дар чорчӯби як нишасти матбуотӣ муаррифӣ карда мешаванд. Гузориши ниҳоӣ ҳамроҳ бо арзёбии тамоми ҷарёни интихобот ва тавсияҳо якчанд моҳ баъд аз интихобот нашр карда мешавад.
Тамосҳо барои воситаҳои ахбори омма:
Катя Андрус, сухангӯи ДНДҲИ: Katya.Andrusz@odihr.pl ё +48 609 522 266
Силвиф де Феликс Грасиа, Таҳлилгари ВАО дар ҳайати нозирони интихобот: +992 98 111 3698 ё silvia.defelix@odihr-tajikistan@org