Ба қадамҳои муайяни мусбат нигоҳ накарда, интихоботи парлумонии Тоҷикистон ба бисёр меъёрҳои асосии САҲА ҷавобгӯ набуд
Душанбе, 1 марти 2010 – Дирӯз интихоботи парлумонӣ дар фазои ором гузашт, аммо ба қадамҳои хурди муайяни мусбат нигоҳ накарда, он ба бисёр ӯҳдадориҳои асосии САҲА ҷавобгӯ набуд. Имрӯз нозирони байналмилалӣ хулосаҳои худро дар изҳороти пешакӣ нашр намуданд.
Нозирон қайд намуданд, ки комиссияҳои болоии интихоботӣ дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ бештар фарогир буданд. Онҳо инчунин қонуншиканиҳои ҷиддиро дар рӯзи интихобот мушоҳида намуданд, аз ҷумла шумораи зиёди овоздиҳии оилавӣ, овоздиҳӣ ба ҷои шахси дигар ва ҳолатҳои партофтани бюллетенҳо ба қуттиҳои овоздиҳӣ.
Қонун интихобот камбудиҳои назаррас дорад, масалан норасоии кафолат барои ташкил намудани ҳайати фарогир ва плюралистии комиссияиҳои интихоботӣ ва норасоии кафолат оид ба бақайдгирии интихобкунандагон, ташвиқот ва равиши рӯзи интихобот.
Ба ҳамаи кӯшишҳо оид ба огоҳсозии аҳолӣ нигоҳ накарда, ташвиқоти интихоботӣ начандон фаъол буд. Баъзе аз азҳоби сиёсӣ ва намзадҳо ба вакилӣ ба интихобкунандгон алтернативаҳои сиёсӣ пешниҳод намуданд. Ҳодисаҳои қонуншиканӣ ва ё татбиқи номувофиқи санадҳои ҳуқуқи ташвиқотӣ барои ба роҳ мондани имконияти баробар монеа шуданд. Дар мавриде, ки ба назар фазои иттиллотии пешазинтихоботӣ камтар назоратшаванда менамуд, пахши маъракаи ташвиқотӣ дар барномахои хабарии телевизиони давлатӣ қариб тамоман дида намешуд, ки ин имкониятҳои интихобкунандагонро барои интихоби огоҳона маҳдуд менамуд.
«Ман аз он хурсанд ҳастам, ки рӯзи интихобот, умаман, дар як фазои хуб гузашт, вале бештар нигарон аз онам, ки интихобот ба бисёр талаботҳои асосии демокартӣ ҷавобгӯ набуд. Чунин қонунвайронкунҳои ҷиддӣ раванди солими рушди демократиро заиф месозанд. Кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ додан мебояд, ва умедворем аз он, ки парлумони нав ин вазифаи мушкилро ба дӯш мегирад» - гуфт Пиа Крисмас Мюллер, Ҳамоҳангсози махсуси нозирони кутоҳмуддати САҲА ва ноиби-президенти Ассамблеяи Парлумонии САҲА.
«Бо ҳузури хеш дар мамлакат ва арзёбии якҷояи интихобот, мо мехоҳем моҳияти рушди ҳамкории ояндаи Парлумони Аврупоро бо Парлумони навинтихобшудаи Тоҷикистон қайд кунем» - гуфт Элизабет Йегле, Роҳбари ҳайтати намояндагони Парлумони Аврупо.
«Дар ин интихобот як дараҷаи муайяни плюрализм ба чашм мерасид, аммо, мутаассифона, иродаи изҳоршудаи мақомоти роҳбарикунанда оид ба риояи стандартҳои демократӣ барои ҳалли норасоиҳои назаррас дар амал татбиқ нашуд, ки ин фазои ташвиқотӣ ва рӯзи интихоботро доғдор кард» - гуфт Артис Пабрикс, Роҳбари миссияи дарозмуддати нозирони интибот, ДНДҲБ/САҲА.
Барои маълумоти иловагӣ, муроҷиат кунед ба:
Йенс-Ҳаген Эшенбехер, САҲА/ДНДҲБ, +992985618112 ё +48603683122, jens@odihr.pl
Андреас Бейкер, САҲА АП, +992 98561 8107 ё +4560108030, andreas.baker@oscepa.dk
Пиетро Дуччи, ПА, +992 985638 371 ё +32 498983366, pietro.ducci@europarl.europa.eu