САҲА/ДИДҲБ миссияи нозирони интихоботиро барои интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон мекушояд
ДУШАНБЕ, 2 октябри соли 2013 – Дафтари институтхои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) имрӯз расман миссияи нозирони интихоботиро барои интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 2013 баргузор мешавад, боз кард.
САҲА/ДИДҲБ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади назорат бурдан аз болои интихоботи президентӣ даъват гардидааст, ки ин дар доираи уҳдадориҳои ин кишвар ҳамчун давлати узви САҲА мебошад. Ин панҷумин миссияи нозирони интихоботиест, ки аз тарафи ДИДҲБ ба Тоҷикистон равона карда шудааст.
Сарварии миссияи мазкур ба души Сафир Параскива Бадеску вогузор шуда, ҳайати он аз 13 коршиносони байналмилалӣ иборат аст, ки онҳо дар Душанбе қарор доранд ва 16 нафар нозирони дарозмуддат дар саросари кишвар фаъолият мекунанд. Коршиносон ва нозирони дарозмуддат намояндагони 22 давлати дунё мебошанд.
Миссияи зикргардида интихоботи президентиро барои ҷавоб гуфтан ба уҳдадориҳои САҲА ва дигар меъёрҳои байналмилалии интихоботҳои демократӣ ва инчунин қонунгузориҳои миллӣ баҳогузорӣ мекунанд. Нозирон равиши бақайдгирии номзадон ва овоздиҳандагон, ҷорабиниҳои вокифгардонии омма, фаъолияти мудирияти интихоботӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ, қонунгузориҳои марбут ва интихобот ва иҷроиши онҳо, шароити воситаҳио ахбори омма ва ҳалул фасли даъвоҳои интихоботро баҳогузорӣ менамоянд. Дар рафти фаъолиятҳои назоратии худ, миссияи мазкур пахши чорабиниҳои интихоботиро тавассути воситаҳои ахбори омма назорат менамояд.
Дар доираи ташрифи назоратии худ, миссияи мазкур бо сохторҳои дахлдор, ҳизбҳои сиёсӣ ва инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ахбори омма ва ҷомеаи байналмилалӣ мулоқот баргузор менамояд. Дар рӯзи интихобот, нозирон кушодашавии нуқтаҳои интихоботӣ, рафти овоздиҳӣ, ҳисоби варақаҳои овоздиҳӣ ва ҷадвалҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаи интихоботро назорат менамоянд.
Аввалин гузоришу хулосаҳо пас аз як рӯзи интихобот нашр ва пешниҳод карда мешавад. Гузориши охирин роҷеъ ба тамоми ҷараёни интихобот тақрибан ду моҳ пас аз тамомшавии ҷараёни интихобот ба нашр расонда мешавад.
Миссияи САХА/ДИДХБ оид ба назорати интихобот ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба таври алоҳида фаъолият менамоянд.
Барои иттилооти бештар, лутфан ба сомонаи www.osce.org/odihr/elections ё Марэк Мрака, Таҳлилгари воситаҳои ахбори омма, тавассути телефони +992 98 77 900 19 ё почтаи электронии marek.mracka@odihr.tj, ё Tомас Раймер, Нотиқи САХА/ДИДХБ тавассути +48 609522266 ё thomas.rymer@odihr.pl муроҷиат намоед.