Ваколатдори Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таҳсилот бо забонҳои гуногун баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 19 майи соли 2023 - Дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 19 майи соли 2023 Ваколатдори Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ (ВОАМ) Қайрат Абдраҳмонов бо намояндагони мақомоти миллӣ, минтақавӣ ва ақаллиятҳои миллӣ мулоқот намуда, масъалаҳои муносибатҳои байни миллатҳо, ҳамгироии иҷтимоӣ ва ҳамкории минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар Душанбе Ваколатдори Олӣ Абдраҳмоновро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Ӯ ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳими Ҳамро, Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ва роҳбарияти Кумитаи давлатӣ оид ба забон ва истилоҳоти назди ҳукумат, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумат ва Шӯрои ҷамъиятӣ мулоқот анҷом дод.
Онҳо оид ба иштироки ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ ва роҳҳои муассири мутобиқ намудани гуногунии ғании этникӣ, забонӣ ва мазҳабии ҷомеаи гуногунфарҳанги Тоҷикистон бо мақсади мусоидати минбаъда ба таҳаммулпазирӣ, ваҳдати иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ табодули судманди андеша анҷом доданд.
Ваколатдори Олӣ Абдраҳмонов бори дигар дастрасии худро барои расонидани кӯмак ба сиёсатмадорон ва ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон бо таҷриба ва роҳнамоӣ дар асоси Тавсияҳо ва Роҳнамои мавзӯии ВОАМ таҷдид намуд. Ӯ инчунин аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус робитаҳои наздисарҳадӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идоракунии гуногунҷабҳаро байни ҳамаи кишварҳои узви САҲА дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он бо мақсади боз ҳам беҳтар фароҳам овардани шароити мусоид барои суботи минтақавӣ, амният, рушди устувор ва рушди иқтисодӣ таъкид намуд.
“Машваратҳои муассир бо ҷамоатҳои миллӣ оид ба масъалаҳои мубрами онҳо дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ калиди таъмини он аст, ки ислоҳоти дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт татбиқшаванда орзуҳои ақаллиятҳои миллиро инъикос намуда, натиҷаҳои беҳтаринро ба бор орад,” гуфт Ваколатдори Олӣ Абдраҳмонов. Ӯ ҳамчунин ҳам мақомот ва ҳам намояндагони ақаллиятҳои миллиро даъват ба амал овард, ки талошҳои худро дар ин самт идома диҳанд.
Дар вилояти Суғд Ваколатдори олӣ Абдраҳмонов бо мақомоти шаҳру навоҳии Хуҷанд, Ғафуров ва Исфара оид ба таҳсилот бо якчанд забон, фарогирии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва равобити фаромарзӣ табодули афкор намуд. Ӯ ҳамчунин ба муассисаи таълимии забони таълимаш узбекӣ, муассисаи таълимии бисёрзабона дар Исфара ва мактаби ба номи Гагарини шаҳри Душанбе ташриф овард ва дар он ҷо бо хонандагон ва омӯзгорон мулоқот доир намуда, бо моделҳои мавҷудаи таълим бо ду ва якчанд забон шинос шуд.