Раиси амалкунандаи САҲА Ян Борг ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
ВЕНА/ВАЛЕТТА, 25 июни соли 2024 — Рӯзи 26 июн Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷӣ, Аврупо ва савдои Малта Ян Борг барои мулоқот бо намояндагони воломақоми ҳукумат, парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.
Вазир Борг дар Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мулоқот доир менамояд.
Дар ҷараёни сафар Раиси амалкунанда муҳокима хоҳад кард, ки чӣ гуна САҲА метавонад ба кишварҳои узв дар пешбурди усулҳои минтақавии ҳалли мушкилоти умумӣ кумак кунад. Вазир Борг ҳамчунин бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мулоқот хоҳад кард, аз ҷумла аз Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ дар Душанбе дидан хоҳад кард.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи раёсати САҲА дар Малта дар соли 2024 лутфан ба сомонаи САҲА нигаред: https://www.osce.org/chairpersonship