САҲА курсҳои омӯзиширо барои аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад анҷом дод
Аз 2 то 4 майи соли 2019 дар шаҳраки Гулистон курсҳои омӯзишии серӯза оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии баргузор гардид. Курси омӯзишӣ ҳамчун марҳилаи ниҳоии мусаллаҳ намудани аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ бо дониш ва малакаҳои марбут ба баррасӣ ва ворид намудани ҷанбаҳои пешгирӣ ва муқовимат ва ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад ба кӯшишҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа хизмат кард.
Курси омӯзишӣ 20 аъзои Шӯроҳои минтақавии ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсияро ҷамъ овард, ки аз нисф зиёди онҳо занон буданд. Он ба тақвият додани дониши назариявии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар рафти омӯзишҳои ибтидоии моҳи феврал ва моҳи марти соли 2019 андӯхта буданд, нигаронида шуд. Иштирокчиён тарзи таҳияи Стратегияи коммуникатсиониро дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ИХТТНМ омӯхтанд ва заминаи ҳуқуқӣ ва амалияи миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Мусоидат ба ҷоринамоии масоили гендерӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба ҳалли мушкилоти марбути ИХТИНМ низ як қисми тренингҳо буд.
Наврӯз Одинаев, узви Шӯрои ҷамъиятие, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият мекунад, гуфт: «Ин омӯзиши амиқ ба ман имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои мушаххасро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгароии хушунатомез тавассути муайянкунӣ ва идоранамоии хатароти марбута, баназаргирии масоили гендерӣ ва инчунин ҷалби ҷавонон ба ташаббусҳои гуногун таҳия намоям».
Фаросатмоҳ Ғаюрова, узви Шӯрои ҷамъиятии Хоруғ оид ба ислоҳоти милитсия гуфт ки ӯ мехоҳад дониши андӯхтаи худро барои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад дар байни ҷавонон ва занон истифода барад.
Дар рафти курси оиӯзишӣ, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ташаббусҳои мухталифро оид ба ҳалли мушкилот ва бартараф кардани сабабҳои асосии ИХТТНМ дар сатҳи поёнӣ ташкил карданд. Ташаббусҳо барои ворид намудан ба нақшаҳои солонаи амалиёти шўроҳои ҷамъиятӣ ва иҷроиши амалӣ бо розигии роҳбарияти воломақоми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Шўроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия мақомотҳои машваратӣ барои Вазорати корҳои дохилӣ мебошанд, ки дар сатҳи минтақавӣ фаъолият мекунанд ва аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборатанд. Онҳо ба таҳия ва густариши робитаҳои байни шаҳрвандон ва милитсия тавассути мусоидат ба рушди ҳамкории милитсия бо ҷомеа мусоидат мекунанд.