Раиси амалкунандаи САҲА ва Вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф меорад
Дар ҷараёни сафари худ ба кишвар, Раис Линде бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Ӯ афзалиятҳои раёсати САҲА-ро муаррифӣ кард ва ба Тоҷикистон барои ҳамкории наздикаш бо САҲА арзи сипос кард. Вазир Линде инчунин барои дастгирии қавӣ ва ҳамкории созанда бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе миннатдорӣ баён кард.
Линде ба яке аз ташаббусҳои барҷастаи САҲА, Коллеҷ барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ ташриф оварда, ӯҳдадориҳо ва садоқати доимии Коллеҷро ба баланд бардоштани амният ва идоракунии сарҳад дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он мавриди таҳсин қарор дод.
Раис бо кормандони САҲА аз Дафтари барномаҳо дар Душанбе ва инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот доир намуд. Зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ӯ дастгирии Раёсатро изҳор намуда, аҳамияти иштироки онҳоро дар бунёди ҷомеаи тавонои демократӣ қайд кард. Ӯ инчунин бори дигар дастгирии Раёсати Шветсияро барои тақвият бахшидани садои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд изҳор намуд.